
Конференсияи ҷумуҳриявӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо”
Санаи 2 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва дигар кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва муҳимтарин масъалаҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусаллам аст, ки маҳз таваҷҷуҳи сатҳи баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир боиси он гардид, ки заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, кадрӣ ва техникии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, баҳри пешбурди босамари фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шуданд.
Вазъи имрӯзаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти босуръати илму техника, ташаббусҳои нав дар рушди давлатдорӣ, аз ҷумла ҷорӣ гардидани низоми ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияи муоссир дар фаъолияти кулли соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи бештарро тақозо дошта, доир ба мавзуҳои асосӣ аз ҷониби иштирокчиёни конференсия ибрози андеша сурат гирифт.
Ҷаҳони муосир талабгори ба танзим даровардани равандҳои иттилоотӣ гардида, дар пасманзари ин равандҳо кишварҳои ҷаҳон ҳифзи манфиатҳои миллиро қадами калидӣ арзёбӣ менамоянд. Зеро тадбирҳо дар самти таҳкими ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва маҷмӯи чорабиниҳои дигар хатарҳои ифшои маълумот тавассути каналҳои техникии ихроҷи иттилоот ва дигар воситаҳо мушкилоти мубрами рӯз гашта, талаб менамоянд, ки масъалаҳои ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гарданд.
Дар идомаи конференсия таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри таҳким ва такмили он пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ гардида, дар асоси қонунгузории ҷорӣ ҳамасола 6 - май ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ муайян гардидааст.
Дар ҳошияи иди касбӣ миёни иштирокчиёни конференсия табодули самараноки назар амалӣ гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардид.
Конференсияи мазкур дар фазои самараноки корӣ анҷом ёфта, дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.