Сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шералӣ Мирзо бо гурӯҳи корӣ сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ анҷом доданд.
Зимни сафарӣ корӣ аз ҷамоатҳои деҳоти Бартанг, Басид ва Савноби водии Бартанг, ки аз 22 деҳа, 1557 хоҷагӣ ва 7776 аҳолӣ иборат аст дидан намуда, камбудиву мушкилотҳоро муайян намуданд.
Дар маркази ҷамоатҳои мазкур бо сокинон ҷаласа ва мулоқот баргузор намуда оид ба дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тайёри ба ҷашни бузурги 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили босифати корҳои созандагиву ободонӣ, омодагии ҳаматарафа барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026, мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, тарбияи ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ суханронӣ намуда, онҳоро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон табрик намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо ба 20 нафар оилаҳои камбизоати Водии Бартанг кумаки молиявӣ расонида шуд.
Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ҷаласаи васеъ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва тамоми сохторҳои дахлдори он баргузор намуда, ҳамаи камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар деҳоту ҷамоатҳо муҳокима ва амалисозии “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2021-2025” баррасӣ гардида, оиди ташкили ислоҳи камбудиҳо ва омодагӣ ба ҷамъбасти фаъолияти ноҳия дар соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.