
ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ МУОВИНОН ВА РОҲБАРОНИ ДАСТГОҲҲОИ РАИСОНИ ШНТҶ ВА ДИГАР МАСЪУЛОНИ ДАХЛДОРИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
Тавре қаблан иттилоъ дода шуд бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз санаи 16 то 18 июли соли равон курси такмили ихтисос барои 30 нафар муовинон ва роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дигар кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ аз рӯйи барномаи таълимии “Баррасии масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Курси такмили ихтисос дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили дониш ва таҷрибаи шахсони дорои рухсат ба сирри давлатӣ ва бевосита масъул дар риоя ва пешбурди низоми махфият дар мақомоти давлатӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва коркарди маълумот дар воситаҳои техникии мутобиқ ба талаботи амнияти иттилоотӣ роҳандозӣ гардида, ба шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ дар ҳаҷми 16 соат вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳа мутахассисони соҳибтахассус дарс гуфтанд.
Курси такмили ихтисос дар шакли лексия - мубоҳиса ва кори амалӣ сурат гирифта, пас аз анҷом бо роҳи пешниҳоди саволномаи тестии соҳавӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Дар охири чорабинӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи таълимии “Баррасии масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” Гувоҳномаи хатм супорида шуд.