Monday, 30 December 2024
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза"-и Саридора иштирок намуданд. 

 

Чорабиниро сардори Саридора Аҳтам Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳайати кормандонро ба муносибати ҷашни умумимиллӣ, 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба роҳи пурифтихори Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд. 

 

Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як фарди худогоҳи тоҷик меҳвари нангу номус, мояи ифтихору сарбаландӣ, сарчашмаи пешрафту ободӣ, бебаҳотарин ганҷинаи зиндагӣ ва муқаддастарину арзишмандтарин дастовард буда, халқи моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати дорои фарҳангу тамаддуни бою пурғановат ва мустақилу сулҳпарвар муаррифӣ намуда, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо қадамҳои устувор мо, халқи тоҷик ба сӯйи ояндаи дурахшон ва ҳаёти пур аз нишот равона ҳастем ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ин ҷашни муқаддаси миллати хешро таҷлил намуда истодаем.

 

Дар идомаи ҳамоиш кормандони дастгоҳи марказии Саридора оид ба мавзуъҳои "Истиқлолият - таҷассумгари ормонҳои миллӣ" ва "Дастовардҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ" баромад намуданд.

 

Хабарҳои муҳим барои Шумо