Thursday, 21 November 2024
ИШТИРОКИ САРДОРИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИШТИРОКИ САРДОРИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо иштироки сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт, бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши илмию маърифатӣ баргузор гардид. 

 

Шоҳрух Саидзода, сардори мақомоти милитсияи пойтахт, бо овардани иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллати тоҷик ба шумор меравад.» Ин санади тақдирсоз ҳамчун бахтномаи миллати тоҷик роҳи ояндаву дурахшони давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххас намуд. Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром рушд намуда, сол то сол ба марҳилаҳои навини тариққиёту пешрафт ноил гардида истодааст. 

 

 Дар идомаи маҳфил Аҳтам Абдуллозода, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ оид ба таърихи қабули Конститутсия, муҳтаво ва мундариҷаи он суханронӣ намуд. Номбурда таъкид дошт, ки дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ кормандони мақомоти милитсия низ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ баҳри устуворгардонии пойяҳои давлатдорӣ ва бунёди сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талоши бесобиқа намуда, саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. 

 

Бо итминони комил иброз гардид, ки ҳайати шахсии милитсияи пойтахт минбаъд низ бо мақсади таъмини волоияти қонуну тартибот ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат мекунанд. 

Хабарҳои муҳим барои Шумо