Thursday, 6 February 2025
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!…

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!…

Имрӯз, 1 феврали соли 2025 бо иштироки сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо ва ҳайати кормандони Саридора бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2 сентябри соли 2024, № 612 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025” дастаҷамъона ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромаданд.
 
Шанбегии дастаҷамъона дар боғчаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд, ки айни замон мавзеи мазкур бо намӣ таъмин буда, барои шинонидани дарахтони ҳамешасабз мусоид мебошад. 
 
Дар ин асно, аз тарафи роҳбарият ва ҳайати кормандони Саридора беш аз 350 бех дарахтони ҳамешасабз бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд, ки иқдоми мазкур ба тақвияти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии мавзеъҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мусоидати фаъол хоҳад кард.

Хабарҳои муҳим барои Шумо