
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ДОИР ГАРДИДАНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН МАҚОМИ НИЗОМИ МАХФИЯТ» ДАР СОЛИ 2023
Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 1 августи соли равон бо иштироки масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Хатлон чорабинии машваратӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи "Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: муҳимият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта" ва даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақоми низоми махфият” дар соли 2023 баргузор гардид.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ, дарёфт ва ҳавасманд намудани масъулони мақоми низоми махфияте, ки нишондиҳандаҳои хуби корӣ дошта, фаъолияти дурусту босамари мақоми низоми махфиятро баҳри ҳифзи боъэтимоди сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд, доир карда шуд.
Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақоми низоми махфият» дар соли 2023 дар вилояти Хатлон барои масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ду минтақа - минтақаи Бохтар ва минтақаи Кӯлоб доир карда шуда, аз байни ширкаткунандагон танҳо 12 нафар беҳтаринҳо ба зердаври дуюм ва 6 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат дода мешаванд.
Лозим ба зикр аст, ки озмун аз ду давр иборат буда, даври якуми он давоми моҳи август байни мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, дар минтақаи ҷойгиршавии онҳо, яъне ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.