
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ
9 сентябри соли равон дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми сардори Саридора, кормандони дастгоҳи марказӣ ва КВД “Марказ” – и Саридора бахшида ба 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорист” чоранбинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини якуми сардори Саридора ҳусни оғоз бахшида, табрикоти сардори Саридораро ба саҳми ҳозирин ироа намуда, кормандон ва дар симои онҳо мардуми кишварро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд. Таъкид гардид, ки ин роҳи 34 – солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.
Дар рафти ҳамоиш сардори Раёсати ташкили коргузорӣ, назорат ва кор бо кадрҳо ва муовини директори КВД “Марказ” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор кормандон бахшида ба 34 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи сардори Саридора қадрдонӣ гардиданд.