
Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо дар ҷамоати деҳоти “Назаршо Додхудоев”, ҷамоати деҳоти “Муъминшо Абдувосиев”, ҷамоати деҳоти “Басит”, ҷамоати деҳоти “Савноб”, ҷамоати деҳоти “Пасхув” ва ҷамоати деҳоти “Бартанг” дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо сокинони ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшон вохӯри анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, кор бо аҳолӣ дар маҳал, бахусус наврасону ҷавонон, роҳ надодан ба бегонапарастиву хурофотпарастӣ ва даъвати онҳо ба таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар идома намояндаи Ҳукумат сокинони ноҳияро ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз номи Ҳукумати мамлакат табрик намуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки боиси ифтихор ва хушнудист, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ Ватани азизамон пайваста ободу зебо гардида, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон сол ба сол рушду тараққӣ карда истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаст гардидааст.