
“МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"-ЛЕКСИЯ-СУҲБАТИ АБДУЛЛОЗОДА АҲТАМ РУСТАМ-САРДОРИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИ
“МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"-ЛЕКСИЯ-СУҲБАТИ АБДУЛЛОЗОДА АҲТАМ РУСТАМ-САРДОРИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Дар асоси Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола бо мақсади такмили қобилият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад, санаи 21 июни соли ҷорӣ дар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Ишкошим ва Роштқалъаи ВМКБ, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Зафаробод, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристони вилояти Суғд, Леваканд, Данғара, Фархор, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт, Лахш, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои андоз, меъморӣ ва сохтмон, телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, агентиҳои захираҳои моддии давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ аз рӯи барномаи "Идоракунии давлатӣ дар замони муосир" оғоз гардид.
Тибқи барномаи таълимӣ имрӯз, санаи 22 июни соли 2023 лексия - мубоҳисаи Абдуллозода Аҳтам Рустам- сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” баргузор гардид.