
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 23 июн - Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 23 июн - Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ, ки тибқи қатъномаи 57/277-и Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2002 эълон шудааст, ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “Хизмати давлатӣ - садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон” бо иштироки васеи кормандон - хизматчиёни давлатӣ, баргузор намуд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ - Абдуллозода Аҳтам Рустам ҳозиринро ба муносибати иди касбии хизматчиёни давлатӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо талошҳои пайваста ва тавассути сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди дигар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мақоми хизмати давлатӣ дар кишвар баланд бардошта шуда, барои хизматчиёни давлатӣ сол аз сол шароиту имкониятҳои муосир фароҳам гардида истодааст. Зеро хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаи сиёсати давлатӣ ва васлкунандаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ новобаста аз мансаби ишғолкарда бояд бо дасту дили пок ва самимияту садоқатмандӣ рисолати шаҳрвандӣ ва хизматии худро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифатнокии корӣ равона созад.
Дар ҳошияи ин ҷамъомад, 7 нафар хизматчиёни давлатии Саридора ва мақомоти ҳудудии он барои фаъолияти пурсамар нишон додан дар фаъолияти корӣ ба рутбаҳои тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд.