
«Ваҳдати миллӣ – омили рушди устувори ҷомеа»
24 июни соли 2023 дар толори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Сардори Саридора муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ шодбош гуфтанд.
Иброз гардид, ки ба даст овардани ваҳдати миллӣ дастоварди бениҳоят арзишманд ва муқаддаси миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, рамзи пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маҳсуб меёбад, ки он маҳсули хиради баландарзиш ва талошу заҳматҳои шабонарӯзиву хастанопазири Пешвои ваҳдатофари миллат мебошад.
Хушбахтона, имрӯз тавассути сиёсати дурандешона, сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери боли баландпарвози сулҳу ваҳдат ва парфишонии Парчами миллӣ мо, сокинони саодатманди Тоҷикистони биҳиштосо бо ифтихор ва бо дарки баланди масъулияту худшиносӣ ин ҷашни муқаддасу бузурги миллиамонро дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегирем.
Тоҷикистони азизи мо ба ҷаҳониён бо чеҳраи нави мутамаддин муаррифӣ шуд ва сулҳи тоҷикон бори дигар ба кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардида, имрўзҳо накҳати мушкрезу сафобахши сулҳ тамоми фазои кишварро фаро гирифта, азму иродаи устувори мардумро баҳри ободии диёри зебоманзарамон бозгӯ менамояд.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷамъомад ҳозирин андешаҳои худро вобаста ба паҳлӯҳои сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат иброз намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба кормандони Саридора баҳри тақвияти минбаъдаи фаъолияти корӣ дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дастуру супоришҳо дода шуд.