
Мулоқоти кории дуҷонибаи намояндагони Саридора ва Бонки ҷаҳонӣ
Санаи 23 июни соли равон, дар толори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ мулоқоти кории дуҷонибаи намояндагони Саридора ва Бонки ҷаҳонӣ анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни баргузории мулоқоти корӣ масъалаҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳлил ва баррасии ҳолати ҳифзи иттилоот, омодасозии кадрҳо ва баргузории дигар чорабиниҳои маърифатӣ, инчунин таҳким бахшидани самтҳои асосии фаъолият доир ба ҳама гуна амалҳои соҳаи ҳифзи иттилоот корбарӣ гардиданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо идомаи муносибатҳои кориро зарур шумориданд.