Saturday, 7 December 2024
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ  МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

Субҳи 1 сентябри соли 2024 кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш, ки дар  яке аз муассисаҳои навбунёд баргузор гардид дастаҷамъона тамошо намуда, аз таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар низоми маорифи кишвар, ҳамчун анъанаи неку хотирмон ва роҳнамокунанда аз ҷониби аҳли маорифи кишвар, хонандагону донишҷӯён ва хизматчиёни давлатӣ низ пазируфта шудааст изҳори фараҳболӣ намуданд. 

Ҳайати шахсии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа, ки зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва ташаббусҳои навбатии Сарвари мамлакат дар самти илмомӯзию забономӯзӣ ва аз худ намудани технологияи навтарин нерӯи тоза гирифта дар пайроҳаи хизмати давлатӣ ва иҷрои рисолати худ тадбирҳо меандешанд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо