
Таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбӣ
9-уми сентябри соли 2025 дар қисми ҳарбии 0444-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо ва роҳбарияти ноҳияи Рӯшон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Сардори саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо тамоми сарбозон ва афсаронро ба 34 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуд, ки маҳз соҳибистиқлолии кишвар ба мо имконият дод, ки соҳиби артиши миллии хеш гардем. Даврони Истиқлолият ба қувваҳои мусаллаҳи кишвар имконият дод, ки соҳиби биноҳои замонавӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии замонавӣ гарданд. Бояд қайд намуд, ки артиши кишвари мо низ зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, дар тули начандон зиёди таърих ба яке аз артишҳои пурқуввати минтақа табдил ёфт.
Барномаи аҳли фарҳанги ноҳия идомабахши чорабинӣ буд.