
Чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқлолият - рамзи ифтихор ва худшиносии миллӣ”
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Чорабинии муҳими сиёсӣ бо раҳпаймоии бошукӯҳи оммавӣ аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо, роҳбарияти ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини идораву муассисаҳои ноҳия бо шиору овезаҳои ватандӯстона, парчамҳои миллӣ ва акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Дар боғи фарҳангии ноҳия чорабинии идона идома ёфта, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш ва хоҷагии халқи ноҳия дидан намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо тамоми сокинони ноҳияро ба гиромидошти ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфта, перомуни аҳамияти таърихиву сарнавиштсоз доштани Истиқлолияти давлатӣ ва пешрафту дастовардҳои солҳои охир сухан намуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии аҳли санъати ноҳия таҳти унвони “Истиқбол аз истиқлол” фазои идонаро рангоранг намуд.