Wednesday, 23 October 2024
БАРГУЗОРИИ СИЛСИЛА ЧОРАБИНИҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ВА ФАРҲАНГИВУ ОММАВӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

БАРГУЗОРИИ СИЛСИЛА ЧОРАБИНИҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ВА ФАРҲАНГИВУ ОММАВӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгрҳи иҷроияи Президенти мамлакат гурӯҳи корӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Рӯшон ташкил карда шуд.

 

Лозим ба зикр аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаст гардидааст.

 

Дар ин асно, аз ҳисоби кормандони Саридора ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои он гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба 7 ҷамоати деҳоти ноҳия сафарбар карда шуданд.

 

Гуруҳҳои корӣ зимни сафари худ ба ҷамоати деҳоти ноҳия масъалаҳои марбут ба фаъолиятро баррасӣ намуда, бо сокинони онҳо вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ба таҳсил фаро гиритани ҳамаи қишри ҷомеа, махсусан занону ҷавондухтарон, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, баланд бардоштани кишти зироат, сабзу хуррамгардонии ин гӯшаи диёр, ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ба ин васила омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни умумимиллии 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ, суҳбату мулоқот ва дигар чорабиниҳои оммавиро доир менамоянд.

 

Инчунин, гуруҳҳои корӣ аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ дар доираи “Нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон”, ҳолати заминҳои кишоварзӣ, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустиву маориф дидан намуда, дар доираи нақшаи алоҳида дар ҳар як ҷамоат бо мақсади баланд бардоштани руҳияи сокинон барномаҳои фарҳангиву адабӣ, чорабиниву мусобиқаҳои варзиширо ташкил ва баргузор менамоянд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо