Tuesday, 22 October 2024
ДАР 11 ДИДБОНГОҲҲОИ САРҲАДӢ ВА ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ РӮШОН ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ШУД

ДАР 11 ДИДБОНГОҲҲОИ САРҲАДӢ ВА ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ РӮШОН ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ШУД

АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ дар 11 дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳияи Рӯшон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ хабар доданд.

 

Зимни суҳбат бо хизматчиён сардори Саридора аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ёдовар гардида, таъкид намуд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ фароҳам овард. Ин аст, ки Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, сатҳи зиндагии мардум пайваста боло бардошта мешавад.

 

Зимни вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ба афсарону сарбозон ва ҷавонмардони далери Ватан, ки дар ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ баҳри дифои марзу буми Ватан хизмат менамоянд, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои артиши пурқудрат буда, хизмат дар он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди комил ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳз сарбозон ва афсарони содиқи Ватан обутоб ёфта, барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ омода мешаванд.

 

Дар идома барои болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ — фароғатии омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия тақдим карда шуд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо