Tuesday, 22 October 2024
СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, санаи 3 октябри соли 2024 барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии Саридора семинар - машваратт омӯзишӣ дар мавзӯи "Тартиби таҳияи санадҳои санҷишии соҳавӣ: камбудиҳои мавҷуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо баргузор гардид.

 

Дар оғози чорабинӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, роҷеъ  ба масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар карда, фаъолияти комиссияи экспертии Саридораро баррасӣ ва баҳри боз ҳам мукаммал намудани донишу малака, баланд бардоштани сифатнокии корӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ дастуру супоришҳо доданд. 

 

Дар идома аъзои комиссияи экспертӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти корӣ ва мушкилоти ҷойдошта ибрози андеша карда, доир ба мавзуъҳои дахлдор дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

 

Хабарҳои муҳим барои Шумо