Tuesday, 22 October 2024
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ДИГАР ҶАШНҲОИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ДИГАР ҶАШНҲОИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ

Ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санаи 5 октябри соли равон дар 11 дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳияи Рӯшон дастархони зебои идона барои афсарону сарбозон ороста шуда, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ташкил карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаст гардидааст.

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ сардори Саридора муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам якҷо бо роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ташриф оварда, сарбозону афсарони шуҷои Ватанро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош намуда, барои хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан - Модар барору комёбӣ таманно карданд.

Дар идома барои болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ - фароғатии омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия тақдим карда шуда, афсарону сарбозон ин ҷашнҳои милливу давлатиро бо шаҳомати хос таҷлил намуданд.

Ҳамзамон, дар тамоми дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳия аз ҷониби Саридора дастархони идона барои афсарону сарбозон ороста шуд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо