Tuesday, 22 October 2024
СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

СЕМИНАР - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №377 тасдиқ гардидааст, давоми рӯзҳои 25-27 сентябри соли равон бо иштироки масъулони дахлдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои кишвар чорабинии машваратӣ - омӯзишӣ дар мавзӯи "Баррасии масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо" баргузор гардид.

 

Дар оғози чорабинӣ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, роҷеъ  ба масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар карда, зикр дошт, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба ин самти муҳими давлатдорӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, рушди донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти масъулони дахлдори вазорату идораҳои кишвар чунин чорабиниҳои омӯзишӣ аз ҷониби Саридора роҳандозӣ карда мешаванд.

 

Семинари омӯзишӣ давоми 3 рӯз идома ёфта, мутахассисони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар шакли лексия-мубоҳиса, машғулиятҳои амалӣ ва намоиши воситаҳои техникии Саридора ба ширкаткунандагон дарс гуфтанд. 

 

Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии ихроҷи иттилоот дар ҷараёни татбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ ва баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур гардиданд. 

 

Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

 

Дар ҷамъбасти семинар - машварат иштирокчиён бо гувоҳномаи  Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ сарфароз гардиданд.

Хабарҳои муҳим барои Шумо