ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ВА ДӮСТДОРОНУ ҲАВОДОРОНИ ВАРЗИШ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ ВМКБ
Санаи 11 октябри соли 2024 дар асоси иҷрои “Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон” дар маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти Бағу 2 майдончаи варзишӣ барои ҷавонону наврасон ва дӯстдорону ҳаводорони варзиш сохта ба истифода дода шуд.
Дар ифтитоҳи майдончаҳои варзишии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулаҳмадзода Зулфиқор Гулаҳмад, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зимни кушодашавии иншооти мазкур варзишгарон ва аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия бо шодиву нишот ва шукргузориву сарфарозӣ аз Истиқлоли давлатӣ ҳунарнамоӣ карданд. Варзишгарони ноҳия боҳиҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили волейбол, баскетбол, футбол ва гӯшаи дастовардҳои худро маърази тамошо гузоштанд.
Дар оғози чорабинӣ намояндаи Ҳукумати мамлакат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки зери сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа соҳаи варзиши кишвар низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат пазируфта шуда, дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст.
Зимнан раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.
Дар охир ба ҷавонону наврасон ва варзишгарони фаъоли ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои варзишӣ тақдим карда шуд.