НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 15 ноябри соли ҷорӣ дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ - тантанавӣ таҳти унвони "Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди соҳаи сирри давлатӣ" бо иштироки васеи кормандон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ сардори Саридора Аҳтам Абдуллозода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои мамлакат ба соҳаи сирри давлатӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, фаъолияти кории мақомот рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Маҳз дар зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат, ки бевосита муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ маҳсуб меёбанд, мушкилоти соҳа бартараф гардида, нишондиҳандаҳои асосии фаъолият баланд гардид.
Сипас, аз ҷониби кормандон маърӯзаҳои пурмазмун бо фарогири корномаи бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, қайд карда шуд, ки маҳз талошҳои ҷоннисорона ва ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз халқи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва истиқлолу озодӣ зиндагии шоиста ба сар мебаранд.
Ҳамзамон, ба ифтихори ин рӯзи воқеан таърихӣ дар асоси фармоиши сардори Саридора ба як қатор хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудӣ рутбаҳои тахассусии низоми хизмати давлатӣ дода шуд.
Дар идомаи чорабинӣ филми мустанади "МАРДИ РОҲ" ба намоиш гузошта шуда, кормандони ҷавони Саридора аз ҳодисоту воқеоти солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷоннисориву раиятпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд.